Даромад ба бозии ситораҳои Тоҷикистон ва Русия ройгон аст – Федерация Футбола Таджикистана

Даромад ба бозии ситораҳои Тоҷикистон ва Русия ройгон аст

Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол рӯзи 22 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Вохӯрӣ соати 18:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон мебошад.

Дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.

Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳо ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.

Меҳмонон бегоҳии рӯзи 21 май аз Москва ба Душанбе меоянд.

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футбол даъват мекунем!!!

Назари худро бинависед