Дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода семинари серӯзаи методӣ барои бонувони довар, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шудааст, ба анҷом расид.
Дар курси мазкур, дар маҷмӯъ 22 нафар занону духтароне ширкат варзиданд, ки дар мавсими оянда бозиҳои мусобиқаҳои лигаи футболи кишварро хидматрасонӣ хоҳанд кард.
Курсро сардори департаменти доварони ФФТ Абдураҳим Бобоев ба ҳайси дастрдиҳанда роҳбарӣ намуд. Ӯро довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз шаҳри Душанбе ва ёвари довари ФИФА Акмал Буриев аз шаҳри Турсунзода кӯмак намуданд.
Машғулиятҳои курс барои бонувони довар аз қисматҳои назариявию амалӣ иборат буда, шунавандагон ба тағйирот дар қоидаҳои бозӣ шинос шуда, дар шарҳу муҳокимаи онҳо фаъолона иштирок намуданд.