Дар шаҳри Турсунзода курси мураббигӣ аз рӯи барномаи муҷаввизи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё ба анҷом расид.
Курси мазкур барои довталабони муҷаввизи “Б” аз 20 октябр то 8 ноябр баргузор шуд ва тонро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев роҳбарӣ намуд. Боир Игамбердиевро ёвари ӯ дастурдиҳандаи КФО, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон Илдар Раҳманов кӯмак кард.
Дар маросими ҷамъбасти курс Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ширкат варзида, иштирокдоронро бо хатми бомуваффақияти курс табрик гуфт ва ба онҳо орзу кард, ки дониши андӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.