Дар меҳмонсарои «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода курси дуҳафтаинаи мураббиён барои дарёфти муҷаввизи “С” шурӯъ шуд.
Курси мазкур аз ҷониби дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон Илдар Рахманов роҳбарӣ мешавад. Ӯро дастурдиҳандаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дарвозабони собиқи тими миллии кишвар, ҳоло сармураббии дастаи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев кӯмак мекунад.
Дар курс 24 нафар шунавандагон, аз ҷумла – Идибек Ҳабибуллоев, Наврӯз Саидмуродов, Фаррухҷон Бураков, Билолиддин Забирзода, Юсуфҷон Мусулмонов, Далер Назаров, Сайназар Наимов, Сомон Наврӯзов, Хуршед Ғафуров, Шоҳиён Зубайдзода, Некрӯз Муртазоев, Насрулло Кабиров, Аҳтам Очилдиев, Муҳаммад Муминов, Асадулло Сатторов, Дониш Саидзода, Парвиз Ҷавлонов, Парвиз Сафаров, Фирӯзҷон Давлатов, Ҷаҳонгир Ҷабборов, Ҷафар Исоев, Фарҳод Маҳмудов, Муҳаммадӣ Шодизод ва Собирҷон Болтабоев иштирок доранд.
Шунавандагони курс дар анҷом аз рӯи барномаи амалӣ ва назариявӣ ва донистани қоидаҳои футбол имтиҳон месупоранд. Шахсоне, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият месупоранд, соҳиби муҷаввизи мурабигии “С” мешаванд ва ҳуқуқ доранд, ки дар дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият кунанд.