Дар шаҳри Душанбе чемпионати CAFA-2023 байни духтарон (U-14) ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар шаҳри Душанбе чемпионати CAFA-2023 байни духтарон (U-14) ба анҷом расид

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои духтаронаи то 14-сола ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқот, ки аз 15 то 19 октябр идома кард, тимҳои футболи духтаронаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат намуданд.

Мунтахаби Эрон бо дарёфти панҷ имтиёз дар чемпионат пирӯз шуд. Дастаи Қирғизистон медали нуқра гирифт. Ҷойи сеюм насиби дастаи Ӯзбекистон гардид. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон бо як имтиёз мақоми чаҳорумро касб кард.

Дар натиҷаи чемпионати CAFA-2023 дастаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи махсус ва ҷоизаи «Fair Play» гардид.

Нишонзани беҳтарини мусобиқот бозигари тими миллии Ӯзбекистон Меҳрангиз Ҳамидова гардид. Елина Шаҳбозӣ аз мунтахаби Эрон фоидаовартарин бозигари ин мусобиқа дониста шуд.

 

Чемпионати CAFA-2023 байни духтарон (U-14)

Даври 1

Эрон – Қирғизистон – 1:1

Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 0:9

 

Даври 2

Ӯзбекистон – Эрон – 0:1

Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:0

 

Даври 3

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 3:2

Тоҷикистон – Эрон – 0:2

Назари худро бинависед