Дар рафти иштирок дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021, дастаҳои лигаи олӣ, инчунин ҳайати ҷавонони ин дастаҳо ва дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон тамринҳои мукаммали худро баргузор карданд. Дар ин давра аз ҷониби ЛФТ як қатор чорабиниҳои таълимӣ – семинарҳо барои футболбозон, мураббиён, роҳбарони дастаҳо ва инчунин духтурони дастаҳо ташкил карда шуд. Дар давоми баргузории ин чорабинии таълимиву машқӣ барои мураббиён курсҳои компютерӣ гузаронида шуда, инчунин, бо супориши шӯъбаи техникии ФФТ мураббиёни дастаҳо дар мавзӯъҳои муайян баромад карданд. Пас аз муаррифӣ, мураббиён ҳар рӯз дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ ширкат варзиданд.
Барои духтурони дастаҳо семинар оид ба тибби варзишӣ баргузор гардида, бештар аз 250 нафар дар бораи ҷанбаҳои асосии татбиқи талаботи Кодекси соли 2021 маълумот гирифтанд ва дониши худро оид ба масъалаҳои зидди допинг мукаммал гардонданд. Стратегияи асосии соли 2021 дар соҳаи таълими зидди допингии Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳоди ҳама дастаҳо дар бораи ҷанбаҳои меъёрӣ, иттилоотӣ ва таълимии мубориза бо допинг дар варзиш мутобиқи Кодекси 2021 ва стандартҳои байналмилалии WADA мебошад.
Ғайр аз ин, барои бозигарон ва мураббиён, инчунин ҳайати роҳбарият ва маъмури дастаҳо семинар оид ба масъалаҳои функсионалӣ ва ҳуқуқӣ дар футбол баргузор гардид. Инчунин, собиқ мураббии дарвозабонҳои мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббии КМВА-и пойтахт Амоншо Содатсайров ба ҳайси лектор барои ҳамаи дарвозабонҳои дастаҳое, ки дар Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ширкат варзиданд, машғулият гузаронд.