Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ветнам, Молдив ва Афғонистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ветнам, Молдив ва Афғонистон бозӣ мекунад

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии ммарҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Ветнам, Молдив ва Афғонистон бозӣ мекунад. Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 13 то 25 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз, 24 июн, қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи занона баргузор шуд. Дар марҳилаи интихобӣ 28 даста, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” шомил шуд. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои футболи бонувони Ветнам, Молдив ва Афғонистон хоҳанд буд. Бозиҳо дар гурӯҳи “В” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ширкат меварзанд. Се дастаи беҳтарини охирин Ҷоми Осиё-2018 – Ҷопон, Австралия ва Чин аз бозиҳои марҳилаи интихобӣ озод буда, мустақиман ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтанд.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои миллии футболи занона

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин (соҳибмайдон), Баҳрайн, Туркманистон, Лаос.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, ТОҶИКИСТОН (созҳибмайдон), Молдив, Афғонистон.

Гурӯҳи «С»: ҶХДЧ, Сингапур, Ироқ, Индонезия (соҳибмайдон).

Гурӯҳи «D»: Мянмор (соҳибмайдон), АМА, Гуам, Лубнон.

Гурӯҳи «Е»: Куриёи Ҷанубӣ, Узбекистон, Муғулистон (соҳибмайдон).

Гурӯҳи «F»: Филиппин, Ҳонконг, Непал (соҳибмайдон).

Гурӯҳи «G»: Урдун, Эрон, Бангладеш (соҳибмайдон).

Гурӯҳи «Н»: Таиланд, Фаластин, Малайзия.

Назари худро бинависед