Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарияти дастаи футболи «Равшан» ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ роҳандозӣ шуд.
Дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» барномаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ташкил гардида, дар онҳо доираи васеи кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва шумораи зиёди ҳаводорони футбол ширкат намуданд.
Инчунин раиси Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони Федератсияи футболи вилояти Хатлон, собиқадорони футбол, хабарнигорон ва сарпарастону шарикони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба фестивал ташриф оварда, шоҳиди иди бошукӯҳи футбол гардиданд.
Дар фестивали мазкур беш аз 200 наврас аз ҷониби масъулони чорабинӣ бо лавозимот ва сару либоси варзишӣ таъмин гардида, инчунин ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.