10 феврал дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 оғоз мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳои он 100 000 сомониро ташкил медиҳад.
Пеш аз оғози марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқа имрӯз, 9 феврал маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳо баргузор шуд. Қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 аз 10 то 20 феврал бо иштироки ҳашт даста доир мешавад. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва инчунин дар майдони сунъии варзишгоҳи КМВА сурат мегиранд.
Ба гурӯҳи «А» дастаҳои зерин шомил шуданд:
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Ҳулбук» (Восеъ)
«Рангон» (Рӯдакӣ)
«Истаравшан» (Истаравшан)
Дар гурӯҳи «Б» тимҳои зерин баромад мекунанд:
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Ҳосилот» (Фархор)
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)
«Сардор» (Турсунзода)
Мувофиқи низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Финали Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ба ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва ба соҳибнои нишони биринҷӣ 20 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.