Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои мутахассисони бошгоҳҳои футбол ва футзали кишвар семинари омӯзишӣ доир ба маркетинг баргузор мекунад.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон вазифаи сухангӯи семинарро мудири шуъбаи маркетинги варзишии Донишгоҳи молиявию саноатии Маскав «Синергия», директори барномаи таълимии «Маркетинги варзишӣ» Андрей Малигин аз Русия иҷро мекунад.
Дар семинари чаҳоррӯза, ки дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад, намояндагони бошгоҳҳои лигаи олӣ ва Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал ширкат доранд. Коршиноси рус дар баромадҳои худ оид ба рушди маркетинги дастаҳо маълумоти муфид медиҳад.
Семинар мавзӯъҳои «Раванди сохтани барномаи маркетинги дастаҳои футбол аз рӯи модели SOVATIC», «Хусусиятҳои маркетинги мусобиқаҳои футболӣ», «Хусусиятҳои маркетинги намояндаҳои клубҳои футболӣ», «Ҷанбаҳои маркетингии муносибати дастаҳо бо сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ», «Бунёди бренди даста аз рӯи нишонаҳо», «Муҳтавои бастаи сарпарастии бошгоҳҳои футболӣ» ва ғайраро дар бар мегирад.
Мақсад аз баргузории ин семинар ба намояндагони клубҳо бо мисолҳои мушаххас нишон додани тарзи кор дар соҳаи маркетинги футбол ва сарпарастӣ ба ҳисоб меравад.