Дар давраи таътили зимистона дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Таътили зимистона-2026» барои кӯдакони соли таваллудашон 2013 ва 2014 баргузор шуд. Ин чорабинии солимгардонӣ ба хотираи хабарнигори машҳури варзишӣ Фарҳод Ҷабборов, ки солҳои тӯлонӣ дар рушди футбол саҳми назаррас гузоштааст, бахшида шуд.
Мусобиқаи хотираи Фарҳод Ҷабборов 1 январ оғоз шуда, дар рӯзи охири таътили зимистона барои кӯдакон, 7 январ ба анҷом расид.
Дастаи «Душанбе» дар гурӯҳи синну соли то 12-сола ғолиб омад. Медалҳои нуқраро кӯдакони ММВЗО ва биринҷиро дастаи МҶМОВ соҳиб шуданд.
Дар мусобиқа миёни бозигарони то 13-сола дастаи «Душанбе-Солор» ҷомро ба даст овард. Дастаи МҶМОВ ҷойи дуюм ва ММВЗО зинаи сеюмро ишғол карданд.
Дар маросими ҷамъбастии чорабинӣ директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, сармураббии мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов, собиқадори футболи тоҷик Раҳим Шарипов, бародарони марҳум Фарҳод Ҷабборов – Бахтиёр ва Ҷамол Ҷабборовҳо ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Аҳмад Ибодуллозода (МҶМОВ), Артур Бозоров («Истиқлол»), Далер Давлатов («Душанбе») ва Муҳаммадалӣ Саидҷалолзода (ММВЗО) беҳтарин бозигарони дастаи худ дар мусобиқа миёни кӯдакони то 12-сола эътироф шуданд. Нишонзани беҳтарин Мустафо Ашуров («Душанбе-Солор») ва Саид Бобоев («Душанбе») беҳтарин бозигар номида шуданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа бозигарони беҳтаринро дар дастаҳои то 13-сола низ қадрдонӣ намуд: Анас Шарифзода (ММВЗО), Далер Халилов («Душанбе»), Муҳаммад Акбарзода («Душанбе-Солор») ва Давлат Маҳмадсолеҳзода (МҶМОВ) беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эълон гардиданд. Идрис Акобиров (ММВЗО) ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаро моли худ кард ва Идрис Қодиров (ММВЗО) беҳтарин бозигар шуд.