Имрӯз, 13 октябр дар тарабхонаи «Бухоро»-и Душанбе аз мусобиқаҳои лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозигарони то 14 ва 16-сола натиҷагирӣ карда шуд. Дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа, инчунин беҳтарин бозингарон медалу мукофотҳои инфиродӣ супурда шуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директорони Лигаи футбол, лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, намояндагони мактабҳои кӯдакону наврасони кишвар, собиқадорони футбол ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Маросимро ифтитоҳ бахшида, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҳамаи ғолибон ва ҷоизадоронро бо анҷоми бомуваффақияти мавсим табрик гуфт ва ба онҳо комёбиҳо таманно намуд.
Дар лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» миёни бозигарони то 14-сола дастаи «Душанбе» медалҳои тиллоро ба даст овард. Дастаи дуюми МҶМОВ медалҳои нуқра ва нишонҳои биринҷӣ насиби наврасони «Истиқлол» гардид.
Дар синну соли дигар – дар чемпионат байни бозигарони то 16-сола дастаи «Хатлон-1»-и Бохтар ғолиб омад. Медалҳои нуқраро Академияи «Тоҷ»-и Хуҷанд ва футболбозони КМВА-и пойтахт медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ низ қадрдонӣ гардиданд.