Дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и шаҳри Душанбе марҳилаи аввали курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» оғоз гардид.
Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев ва ёварони ӯ – сардори шуъбаи таҳлил ва методологияи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва дастурдиҳандаи ФФТ Аслиддин Ҳабибуллоев мебошанд.
Тибқи барнома курсҳо барои барномаи иҷозатномаи «В» аз ду марҳила бо танаффус барои кори амалӣ дар дастаҳо иборатанд. Марҳилаи аввал то 20 май ва марҳилаи дуюм аз 11 то 20 июн дар Душанбе давом мекунанд.
Зулайхо Сафарова, Беназир Ҷумъахонзода, Умед Чоршанбиев, Руслан Тиллоев, Файзалӣ Раҳмонов, Муллораҷаб Мирзоев, Собирҷон Болтабоев, Исмоил Нуралиев, Муҳаммад Махатов, Содатшо Бодуров, Валерий Юлдашев, Рустам Ризоев, Абдухалил Боронов ва Умедулло Шарипов барои ба даст овардани иҷозатномаи «В» довталаб мебошанд.