Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои мураббиёни футболи оммавӣ оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои мураббиёни футболи оммавӣ оғоз ёфт

Имрӯз, 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол курсҳои «Gassroots» оид ба футболи оммавӣ оғоз ёфт. 

Дар давоми панҷ рӯз мураббиёни кӯдакона ба машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ ҷалб карда мешаванд. Роҳбари курс инструктори ФИФА оид ба футболи оммавӣ ва кӯдакону наврасон, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев аз Ӯзбекистон мебошад.

Дар маросими кушодашавии курсҳо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат карда, ба ҳамаи иштирокчиёни семинар барору маваффақият таманно карданд.

Назари худро бинависед