Дар Душанбе даҳумин фестивали футбол барои духтарон «AFC Women’s Football Day-2024» баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе даҳумин фестивали футбол барои духтарон «AFC Women’s Football Day-2024» баргузор гардид

Дар доираи таҷлили Рӯзи футболи бонувони Конфедератсияи футболи Осиё – «AFC Women’s Football Day 2024», имрӯз, 7 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷашнвораи футбол баргузор гардид.

Дар фестивали футбол зиёда аз 100 нафар футболбоздухтарон иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш оммавӣ намудани футболи занона ва ҷалби духтарон ба варзиш ба ҳисоб меравад.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён тӯб ва либоси варзишӣ тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед