Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба анҷом расид.

Дар мусобиқа 5 дастаи занонаи минтақа ширкат карданд. Медалҳои тиллоро футболбозони эронӣ, ки бо се пирӯзӣ ва як мусовӣ 10 имтиёз ба даст оварданд, соҳиб шуданд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Ӯзбекистон шуд (9 имтиёз). Барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2024 мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардид. Дастаи занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бо касби се имтиёз дар ин мусобиқа мақоми чаҳорумро касб кард. Мунтахаби Туркманистон бидуни хол дар зинаи охирин қарор гирифт.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқот ҷоизаи махсус насиби тими занонаи Тоҷикистон шуд. Дастаи Туркманистон ҷоизаи «Fair Play»-ро гирифт. Нишонзани беҳтарини мусобиқот бозигари тими миллии Ӯзбекистон Шаҳноза Деканбоева шуд, ки муаллифи 8 гол гардид. Муфидтарин бозигари чемпионати CAFA-2024 Сумая Исмоилӣ аз тими миллии занонаи Эрон эътироф шуд.

Назари худро бинависед