Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Имрӯз, 28 ноябр дар Душанбе ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти тими миллии футзал дар соли 2025 ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи футзал дар кишвар баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, раиси Кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов, сармураббии тими миллӣ Пайрав Воҳидов ва дигар аъзоёни кумита иштирок доштанд.

Сармураббии дастаи миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи фаъолияти даста дар соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод кард. Дар давраи ҳисоботӣ мунтахаб 11 бозӣ, аз ҷумла панҷ вохӯрии дӯстона, се бозии интихобии Ҷоми Осиё-2026 ва се бозӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 анҷом додааст. Ҳайати дастаи миллӣ аз 23 бозигари ҳашт бошгоҳ иборат буд.

Пайрав Воҳидов зимни суханронии худ инчунин нақшаи омодагии дастаи миллиро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, шарҳ дод. Нақша ташкили ҷамъомадҳои тамринӣ ва иштирок дар бозиҳои дӯстонаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Яке аз мавзӯъҳои ҷаласа норасоии бозигарони касбии футзал буд, ки тавонанд ҳайати дастаи миллиро дар солҳои оянда ташкил диҳанд. Аъзои кумита зарурати беҳтар кардани сифати тамрини бозигарони ҷавон ва тақвияти ҳамкориҳо байни бошгоҳҳои футзали кишварро таъкид карданд.

Кумитаи футзали ФФТ инчунин татбиқи системаи видеодоварро барои бозиҳои плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 баррасӣ кард. Қайд карда шуд, ки истифодаи ин система сатҳи объективии доварӣ ва коҳиш додани шумораи қарорҳои баҳсбарангезро дар бозиҳои ҳалкунандаи чемпионат беҳтар мекунад.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки дар заминаи бошгоҳҳои Суперлигаи Тоҷикистон дастаҳои кӯдакону наврасон барои ояндаи тими миллӣ таъсис дода шаванд. Ғайр аз ин, аъзои кумита аз ҷорӣ кардани системаҳои GPS барои назорат кардани фаъолияти ҷисмонии бозигарон, таҳлили фишори тамринҳо ва беҳтар кардани сифати машқҳо пуштибонӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти дастаҳо дар расонаҳо равона карда шуд. Кумита тавсия дод, ки дастаҳо фаъолиятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷоннок намуда, корро дар самти иттилоотикунонӣ ва таблиғи мусобиқаҳои футзал дар байни аудиторияи васеъ тақвият диҳанд.

Назари худро бинависед