Дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор ҷамъомади таълимии доварони дараҷаи аввал, ки дар мавсими нав бозиҳои лигаи олии чемпионати Тоҷикистонро ҳакамӣ мекунанд, ҷараён дорад.
Барномаи ҷамъомади таълимӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дастурдиҳандаи дарсҳои назариявӣ инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Владислав Сейтлин аз Ӯзбекистон буда, ба ӯ инструктори ФФТ Умед Раҳимов аз шаҳри Бохтар кӯмак мекунад.
Дар ин машғулиятҳо 12 довари марказӣ – Сайёдҷон Зайниддинов, Гулмуроди Саъдулло, Рустам Нурматов, Беҳрӯз Муртазоев, Амирҷон Хоркашев (ҳама аз Душанбе), Насрулло Кабиров (Норак), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Бахтиёр Комилов (Кӯлоб), Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор), Сайвалӣ Турдиев, Наврӯз Воҳидов (ҳарду аз Вахш), Хуршед Дадобоев (Хуҷанд), инчунин 17 нафар ёвар – Акмал Бӯриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод, Фарҳод Куралов, Исломҷон Холиқов, Шарифбек Нуриддинов (ҳама аз Душанбе) , Вафо Қараев, Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳама аз Шаҳринав), Исмоил Нуралиев, Ҳасан Каримов (ҳарду аз Норак), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб), Сорбон Аҳмадзода, Тоҳири Баҳром (ҳарду аз Кӯлоб), Фаридун Маҳмадиев (Вахш) ва Комил Раҳмонов (Ҷайҳун) ширкат доранд.
Тибқи барнома дар фарҷом доварон имтиҳонҳои ҷисмонӣ ва назариявӣ месупоранд. Дар баробари ин, доварон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023-ро, ки дар Ҳисор