«Continental Futsal Championship 2021»: мунтахаби Тоҷикистон футзалбозони Литваро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

«Continental Futsal Championship 2021»: мунтахаби Тоҷикистон футзалбозони Литваро шикаст дод

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Тайланд ғалабаи аввалини худро ба даст овард.

Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гурӯҳи «В» футзалбозони Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 9 ба 2 мунтахаби Литваро шикаст доданд. Дар ҳайати миллипӯшони футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ба задани шаш гол муваффақ шуд.  Се голи дигари мунтахаби миллии футзали моро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.

Баъди ин ғалаба мунтахаби футзали Тоҷикистон бо се имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор дошта, имконияти ба бозиҳои ниманиҳоӣ баромаданро дорад. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” имрӯз тимҳои миллии футзали Эрон ва Миср бо ҳам қувва меозмянд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Литва – 9:2

Голҳо аз ТоҷикистонФайзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.

 

10:45 – ЭронМиср

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 2 0 0 12-0 6
2 ТОҶИКИСТОН 3 1 0 2 9-10 3
3 Миср 2 1 0 1 3-4 3
4 Литва 3 1 0 2 6-16 3

Назари худро бинависед