Чиптаҳои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал ба фурӯш баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

Чиптаҳои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал ба фурӯш баромаданд

Ба таваҷҷуҳи мухлисоне, ки мехоҳанд дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е», ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ширкат кунанд.

Шуруъ аз имрӯз чиптаҳо ба фурӯш бароварда шуданд. Чиптаҳоро аз хазинаи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе харидан мумкин аст. Нархи як чипта 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «CIP» 50 сомонӣ мебошад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал бо тимҳои Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) бозӣ мекунад. Ҳама вохӯриҳо бо иштироки дастаи мо соати 19:00 оғоз мешаванд.

Назари худро бинависед