Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувон: пагоҳ нишасти матбуотӣ доир мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувон: пагоҳ нишасти матбуотӣ доир мегардад

Ба диққати рӯзноманигорон! Пагоҳ, 7 июл, дар толори  меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ба хотири оғози чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои занона нишасти хабарӣ  баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00 дар назар аст.

Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон посух медиҳанд. 

Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон рухсатномаҳои аккредитатсионӣ барои инъикоси ин мусобиқа дода мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 918667387 (Фаридун Солиев).

 

Назари худро бинависед