Чемпионати CAFA-2021: ғалабаи дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17 солаи Тоҷикистон ба Афғонистон – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2021: ғалабаи дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17 солаи Тоҷикистон ба Афғонистон

Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17 солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Изатулло Исоқов дар бозии даври дуюми Созмони футболи Осиёи Марказӣ, ки имрӯзҳо дар Душанбе гузашта истодааст бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуд.

Се голи дастаи моро Рухшона Файзуллоева ва як голии дигарро Ҷонона Назарова бо Муниса Гулова ба нишон заданд.

Дар бозии дигари ин даври мусобиқа мунтахаби духтарони навраси Узбекистон бар Эрон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашт.

Баъд аз ду даври бозиҳо дар чемпионати CAFA-2021 мунтахабҳои Тоҷикистону Узбекистон бо 4 имтиёзӣ пешсаф мебошанд. Эрон бо 3 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.

Ғолиби чемпионати Созмони футболи Осиёи Марказӣ рӯзи чоршанбеи 7-уми июл маълум. Дар ин рӯз даври охири бозиҳо баргузор хоҳанд шуд.

 

Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои мунтахаби духтарони навраси то 17 сола

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 5:2

ГолҳоФотима Фолади, 3 (0:1). Рухшона Файзуллоева, 6 (1:1). Ҷонона Назарова, 12 (2:1). Рухшона Файзуллоева, 21 (3:1). Рухшона Файзуллоева, 42 (4:1). Муниса Гулова, 55 (5:1). Элназ Султани, 74 (5:2).

 

Эрон – Узбекистон – 0:2

ГолҳоЛейла Рустуллаева, 40+1 (0:1). Лейла Рустуллаева, 73 (0:2).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 ТОҶИКИСТОН 2 1 1 0 6-3 4
2 Узбекистон 2 1 1 0 3-1 4
3 Эрон 2 1 0 1 6-2 3
4 Афғонистон 2 0 0 2 2-11 0

 

Дар даври  3-юм вомехӯранд:

7 июл (чоршанбе)

18:00 – Узбекистон – Афғонистон

20:45 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед