«CAFA Nations Cup-2023»: бозии дастаҳои Уммон – Тоҷикистонро Кирилл Левников аз Русия ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Nations Cup-2023»: бозии дастаҳои Уммон – Тоҷикистонро Кирилл Левников аз Русия ҳакамӣ мекунад

Бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Русия доварӣ мекунад.

Довари марказии вохӯрӣ довари ФИФА Кирилл Левникови 39-сола хоҳад буд. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Андрей Веретешкин ва Егор Болховитин кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон иҷро мекунад. Баҳодир Кочкаров (Қирғизистон) кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Комиссари ин бозӣ Кемел Токобоев аз Қирғизистон таъйин гардид.

Бояд гуфт, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 18:30 оғоз мегардад.

 

🏆 «CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 2

📅 14 июн (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 18:30

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Довари марказӣ: Кирилл Левников (Русия).

Ёварон: Андрей Веретешкин, Егор Болховитин (ҳарду аз Русия).

Довари эҳтиётӣ: Дайирбек Абдилдаев (Қирғизистон).

Нозири доварон: Баҳодир Кочкаров (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Кемел Токобоев (Қирғизистон).

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед