Бозӣ барои дарёфти Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022, ки дар он қаҳрамони феълии Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми кишвар «Хуҷанд» вомехӯранд, 8 май баргузор мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир шуда, соати 16:30 оғоз мегардад.
Ин сенздаҳумин мусобиқоти Суперҷоми Тоҷикистон хоҳад буд. Суперҷоми кишвар аз соли 2010 инҷониб баргузор мешавад. Барандаи даҳкаратаи ҷом дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аст, ки солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 соҳиби ин ҷоиза шудааст. Суперҷомро дар соли 2013 «Равшан»-и Кӯлоб ва соли 2017 «Ҳосилот»-и Фархор аз они худ харда буданд.
Қаблан «Хуҷанд» чор маротиба дар бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон бо «Истиқлол» нерӯ санҷида, дар ҳамаи бозиҳо ноком шудааст. Оё бошгоҳи «Хуҷанд» метавонад бори аввал дар таърихи худ соҳиби ҷом шавад ё на, мо 8-уми май хоҳем фаҳмид.
Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – ???