Бозии Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Равшан» – «Алтин Асир» 14 декабр дар Душанбе баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Равшан» – «Алтин Асир» 14 декабр дар Душанбе баргузор мешавад

Бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» миёни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон) 14 декабр дар Душанбе сурат мегирад.

Дар аввал ин вохӯрӣ мебоист дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шавад, аммо бинобар омода намудани варзишгоҳ барои ивазкунии чамани сунъӣ ба гибридӣ, бозӣ дар Душанбе мегузарад. Акнун рақобати мазкур дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, соати 19:00 оғоз мегардад.

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е». Даври 6

📅 14 декабр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 19:00

🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – 🇹🇲 «Алтин Асир» (Туркманистон)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед