Лигаи футболиТоҷикистон санаи баргузории бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро муқаррар намуд.
Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи лигаи якум иштирок мекунанд. Бозиҳои мусобиқа рӯзҳои 7 ва 8 июл баргузор мешаванд. Дар сурати баробар анҷом ёфтани ҳисоби вохӯрӣ дар вақти асосӣ ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъин карда мешавад. Дар ҳолати маълум нашудани ғолиб дар ин қисмҳо, дастаи ғолиб тавассути зарбаҳои пеналти муайян карда мешавад.
Аз рӯи натиқаи бозиҳои марҳилаи пешкӣ шаш дастаи марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон маълум мешавад. Аз марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки имсол тартиби баргузории мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Қаблан, дар ҳар марҳилаи мусобиқа дастаҳо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (дар сафар ва дар майдони худ) муайян мешуданд. Дар мавсими имсола бошад, дар ҳар як марҳилаи мусобиқа (пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финали) ғолиб аз рӯи натиҷаи як бозӣ муайян мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дастаҳои соҳиби майдон мутобиқи қуръакашӣ аз рӯи сеткаи Ҷоми Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи пешакӣ
7 июл (сешанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Саройкамар» (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)
8 июл (чоршанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон)
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)