Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он чемпион ва барандаи феълии Ҷоми кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯрад, рӯзи 4 апрел баргузор хоҳад шуд.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00 ба нақша гирифта шудааст. Ин вохӯрӣ аз рӯи ҳисоб 11-ум бозӣ барои дарёфти суперҷоми Тоҷикистон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 шуру гашта, то ин дам пайваста баргузор мешавад. Барандаи феълии Ҷом “Истиқлол”-и Душанбе аст. Ҷоми мазкурро дастаи пойтахт ҳашт маробита – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 соҳиб шудааст. Соли 2013 Суперҷоми Тоҷикистонро “Равшан”-и Кӯлоб ва соли 2017 бошад, «Ҳосилот»-и Фархор ба даст оварданд. “Равшан” онро дар бозӣ бо “Регар-Тадаз» (2:1) ва «Ҳосилот», дар бозӣ бо “Истиқлол” (2:1) соҳиб гаштанд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020
4 апрел (шанбе)
Оғоз соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2019):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтепа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0