Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Бонки Байналмилалии Тоҷикистон аввалин бонке дар кишвар шуд, ки тасмим гирифт, тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.
Созишномаро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва раиси ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» Искандар Раҷабов имзо карданд.
Тамоми маблағе, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон ҷудо мекунад, барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон масраф мешавад.
Пас аз имзои созишнома ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои дастгирии тими асосии кишвар изҳори сипос кард.
Раиси ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» Искандар Раҷабов дар навбати худ қайд намуд, ки бонки онҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории зич ва пурсамар хоҳад кард. Раиси ББТ ба тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки моҳи март оғоз мешавад, барору музаффариятҳо таманно намуд.