Бо мақсади рушду инкишофи футбол дар минтақаҳо, бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони футбол сохта ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи хурди футболбозии бо сабзаи сунъӣ пӯшонидашуда Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва роҳбари маъмурияти Федератсия Шавкат Ахмедов иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, алалхусус ба Президенти ин ташкилот Рустами Эмомалӣ барои бунёди майдончаи футбол дар ҷамоати Рӯдакӣ ва барои саҳми назаррас дар рушд ва оммавигардонии футбол дар кишвар изҳори сипос кард.
Зимни суханронӣ дар ин маросим Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов аз номи Рустами Эмомалӣ сокинони ҷамоати Рӯдакиро бо ифтитоҳи майдони нави футболбозии бо алафи сунъӣ пӯшонидашуда табрик гуфт.
“ФФТ ба рушди футбол дар минтақаҳо диққати калон медиҳад. Роҳбарияти Федератсия дар бораи сохтани майдони футбол дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ қарор қабул кард. Майдони нави футбол шумораи зиёди кӯдакони минтақаро ба бозии футбол ҷалб мекунад. Ҳадаф аз ифтитоҳи майдончаи футбол дар Восеъ таблиғи футбол ва тарзи ҳаёти солим дар ноҳия мебошад», – гуфт Алишер Урунов дар баромади худ.
Дар охири маросими ифтитоҳ дар майдони нави футбол бозии дӯстона байни кӯдакони ҷамоат баргузор гардид. Ба кӯдакон сарулибоси бозикунӣ ва тӯбҳои футбол тақдим карда шуданд.