Беҳрӯз Муртазоев, довари ФИФА оид ба футзал аз Тоҷикистон, ки соли гузашта ҳар се марҳилаи санҷишро бомуваффақият паси сар карда, ба ҳайати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил шуд, бори аввал дар мусобиқаи КФО ба вазифаи довар таъйин гардид.
Довари 30-солаи тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро дар минтақаи Шарқӣ, ки аз 17 то 21 май дар Малайзия баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад. Дар ин минтақа панҷ даста – Ҷопон, Тайбейи Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг ва Муғулистон барои се роҳхати марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 мубориза мебаранд.