Имрӯз, 25 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Хатлон медалҳои ифтихорӣ ба дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Моҳир»-и Ёвон супурда шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат доштанд.
Дар мавсими соли 2024 «Равшан»-и Кӯлоб бо касби 41 имтиёз медалҳои биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ ба даст овард.
Ғолиби лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон дар соли гузашта дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ шуд, ки ҳамакнун дар мавсими нав дар лигаи олии кишвар баромад мекунад. Дар ин маросим ба бозигарон ва ҳайати мураббиёни дастаи «Ҳулбук» барои ғолибият дар лигаи якум Ҷом ва медалҳои тилло тақдим гардиданд.
Илова бар ин, дар маросим ба футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти дастаи «Моҳир»-и Ёвон аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта медалҳои биринҷии лигаи якум супорида шуданд.