Ҳаждаҳ довари Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаждаҳ довари Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати расмии доваронро барои ҳакамии бозиҳои байналмилалӣ дар соли 2026 нашр кард.

Дар муқоиса бо соли гузашта, квотаи доварон барои Тоҷикистон зиёд карда шудааст. Ба рӯйхати ФИФА 18 намояндаи кишвари мо шомил гардид – ҳафт довари ФИФА, ҳашт ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА. Илова бар ин, чор довари тоҷик – Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба рӯйхати расмии видеодоварони ФИФА шомил гарида, ҳақ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ кунанд.

Назари худро бинависед