Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз, 18 июл эълон кард, ки чаҳор иттиҳодияи футбол барои баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Пас аз даъвати КФО ба ҳамаи ассотсиатсияҳои узв барои баргузории ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, Ассотсиатсияҳои футболи Австралия, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ба дархости мизбонӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.
То 31 август кишварҳо бояд кафолати ҳукуматиро пешниҳод кунанд. Пас аз он маъмурияти КФО пеш аз интихоб ва эълони мизбони Ҷоми Осиё-2023 бо ширкати 24 даста баҳодиҳии умумии дархостҳоро доир мекунад. Қарор дар бораи кишвари мизбон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КФО рӯзи 17 октябр қабул мешавад.
Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои нахустин бор дар таърихи худ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад, роҳ ёфт. Ба ҷуз аз тими мо дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия ҳам иштирокчии Ҷоми Осиё-2023 гаштанд.