Дар Душанбе мусобиқаи анъанавии футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дар марҳилаи муқаддамотии ин мусобиқа 12 даста ширкат карда, ба се гурӯҳ тақсим шуд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд. Пас аз он ҳашт даста ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи низоми олимпӣ сурат гирифтанд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои «Рахш-Такси» ва «Вавилон» вохӯрданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи «Рахш-Такси» – 5:3 анҷом ёфт.
Рақобати ниҳоӣ, ки дар он футзалбозони «Ориёнбонк» ва «Амонатбонк» ба ҳам омаданд, ҷолиб ҷараён гирифт. Дар вақти асосӣ ғолиб муайян нашуд – 3:3. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти комёбӣ насиби дастаи «Амонатбонк» гардид – 3:2.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқот ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ширкат доштанд.
Аз рӯи ҷамъбасти Ҷоми ФФТ-2023 Умед Муъминзода («Амонатбонк») беҳтарин дарвозабон эътироф гардид. Ибодулло Назиров («Ориёнбонк») беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуд. Султоншо Мирзоев («Амонатбонк») беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ эълон гардид.