Дарҳол пас аз Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Crowne Plazа»-и Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти соли 2025 ҷамъбаст ва самтҳои асосии мавсими нав муайян карда шуданд.
Дар оғоз ноиби президенти ФФТ Сайвалӣ Дониёрзода дар бораи рафти иҷрои протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндагони ҷомеаи футбол, ки 3 феврали соли 2025 баргузор шуда буд, гузориш дод. Дар гузориш натиҷаҳои бадастомада, фаъолиятҳои амалӣ ва қадамҳои минбаъда барои рушди футбол дар кишвар зикр шуданд.
Сипас Кумитаи иҷроия нақшаҳои мавсими ояндаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳоди Кумитаи баргузории мусобиқаҳоро дар бораи санаи оғози чемпионати Тоҷикистон-2026 тасдиқ карданд: мавсими нави лигаи олии Тоҷикистон бо ширкати 12 даста 6 март оғоз мешавад.
Ҳамчунин формати нав барои маҳдудияти бозигарони хориҷӣ низ тасдиқ карда шуд. Дар мавсими 2026 ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад, то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархост ворид карда, дар як вақт 5 легионерро ба майдон барорад.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҳамчун макони баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 байни қаҳрамони кишвар «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тасдиқ шуд. Бозӣ 23 май баргузор мешавад.
Ғайр аз ин, Кумитаи иҷроияи ФФТ баргузории бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ, чорякниҳоӣ ва нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро дар шакли ду бозигӣ тасдиқ кард ва финали мусобиқа дар варзишгоҳи «Вахш-Арена»-и шаҳри Бохтар ташкил мешавад.
Аъзои Кумитаи иҷроия инчунин тавсия доданд, ки Лигаи футболи Тоҷикистон фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистонро зиёд карда, ҷоизапулиро барои чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ таъсис диҳад.
Аз мавсими нав сар карда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ бояд як бозигари ҷавони соли таваллудаш 2008 ё ҷавонтарро ба ҳайати асосӣ дохил кунад. Дар ҳоле ки ин бозигарро ҳангоми вохӯрӣ танҳо бо футболбози синну соли мувофиқаш иваз кардан мумкин аст.
Мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ аз соли 2027 сар карда, бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаҳои занона дошта бошанд. Тавсия дода мешавад, ки ин талабот аз соли 2026 ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ санҷида шавад.
Кумитаи иҷроияи ФФТ масъалаи рушди маркетинги бошгоҳҳоро ба миён гузошта, ба дастаҳо тавсия дод, ки рангҳои ягонаи либосҳои худро мувофиқи таърихи хеш муайян ва тасдиқ кунанд.
Дар ҷаласа ба рушди футзал дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мактабҳои махсуси футбол дар саросари кишвар гурӯҳҳои футзалро ташкил кунанд. Дар ин масъала директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва сармураббии дастаи миллии футзал Пайрав Воҳидов гузориш доданд.
Директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков дар бораи тағйирот дар низоми омодагии бозигарони ҷавон гузориш дода, таҳлили муфассал пешниҳод кард ва дар бораи татбиқ ва баргузории мусобиқаҳо байни мактабҳои махсуси футбол ибрози назар намуд.
Кумитаи иҷроия инчунин рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни мавсими 2025 тасдиқ кард.