Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи бехатарӣ ва кор бо мухлисони ФФТ баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва агентиҳои муҳофизатӣ ширкат доштанд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори шуъбаи бехатарии Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Каримов доир гашт.
Ҳадафи аслии ҷаласа баррасии маҷмӯи тадбирҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ дар ҷараёни бозиҳои байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Конфедератсияи футболи Осиё ва ФИФА баргузор мешаванд, мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ мушкилоти таъминӣ бехатарӣ ва ҳолатҳои қонуншиканӣ дар рафти бозиҳо баррасӣ гардида, барои пешгирии онҳо дар оянда пешниҳодҳо таҳия гардиданд. Ба сари вақт ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ташкилкунандагон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва агентиҳои муҳофизатӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.