Ғалабаи тими миллии Тоҷикистон бар Урдун дар бозии дуюми дӯстона дар Дубай – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи тими миллии Тоҷикистон бар Урдун дар бозии дуюми дӯстона дар Дубай

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона бар тими миллии Урдун бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз гашт. Бозӣ, рӯзи ҷумъаи 5-уми феврал, дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Дубай баргузор гардид.

Голи ягонаро дар дақиқаи 79-уми вохӯрӣ капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов ба нишон зад.

Ёдрас мешавем, бозии якуми дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун, ки чор рӯз пеш дар ҳамин варзишгоҳ доир шуд, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи миллипипӯшони урдунӣ анҷом ёфт.

Барои тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Дубай марҳилаи омодагӣ ба вохӯриҳои расмии марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб меёбад. Бозии навбатии худро дар ин марҳила мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ муқобили мунтахаби Муғулистон мегузаронад.

 

Бозии дӯстона

Урдун – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 79.

ТоҷикистонРустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ислом Зоиров, 46), Эҳсони Паншанбе, Алишер Ҷалилов, Илҳомҷон Баротов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 76), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 70, Абдулмумин Забиров, 90+3).

5 феврал. Дубай. Варзишгоҳи Ассотсиатсия футболи ИМА.

Назари худро бинависед