Аккредитатсияи ВАО барои бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон – Русия – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО барои бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон – Русия

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷиро барои инъикоси бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Русия, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 20:00 баргузор мешавад, эълон мекунад.

Дархост барои аккредитатсия бо сурат ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристода шавад. Дар дархост бояд маълумотҳои зерин дарҷ гарданд: ном ва навъи ВАО (нашрия, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор, рақами телефон.

Дархостҳо то соати 20:00-и рӯзи 11 ноябр қабул карда мешаванд. Дархостҳое, ки баъд аз гузаштани муҳлат фиристода мешаванд, БАРРАСӢ НАМЕГАРДАНД!

Қобили қайд аст, ки шумораи ҷойҳо қатъиян маҳдуд аст. Огоҳномаҳо ба почтаҳои электроние, ки аз онҳо дархост омада буд, фиристода мешаванд.

Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон рӯзи 16 ноябр дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ супорида мешаванд.

Телефон барои маълумот: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).

Назари худро бинависед