Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили дастаи Арабистони Саудӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили дастаи Арабистони Саудӣ

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард.

Ба тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо бо Арабистони Саудӣ 11 март оғоз мекунад. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Қатар сафарбар мегардад. Шоми 18 март мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Доҳа ба Риёз парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.

 

📃 Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ (21 ва 26 март): 

️ Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»); 

️ Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

️ Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тифлис», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Бӯризод («Самгуралӣ», Гурҷистон), Муродалӣ Ақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе даста), Вайсиддин Сафаров (КМВА); 

️ Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Рустам Соиров (бе даста), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»). 

️ Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Назари худро бинависед