Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои Ҷоми ҷаҳон-2025 – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои Ҷоми ҷаҳон-2025

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини ҳайати ниҳоии дастаро ҷиҳати ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, эълон кард. 

Рӯйхати ниҳоӣ 21 бозигарро дар бар мегирад – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар. 

Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) рақобат менамояд.

Назари худро бинависед