Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев ҳайати бозигаронеро, ки ба бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр ҷалб мешаванд, номбар кард.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд.

11 ноябр тими олимпии мо ба Дубай рафта, онҷо бо ҳамсолони худ аз АМА (14 ноябр) ва Кувайт (17 ноябр) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сипас тими Мубин Эргашев барои баргузории вохӯриҳои дӯстона бо тими олимпии Чин ба шаҳри Сзинтсян парвоз мекунад. Ин рақобатҳо 19 ва 22 ноябр доир мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 23 ноябр дар маросими қуръакашӣ муайян мегардад. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

 

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои олимпии АМА (14 ноябр), Кувайт (17 ноябр) ва Чин (19 ва 22 ноябр): 

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло (ҳарду аз «Равшан»), Исроил Холов (КМВА), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Ҷонибек Шарифов («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Масрур Қиёмиддинов («Равшан»), Алишер Шукуров («Куктош»), Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»), Азизбек Ҳаитов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Хуҷанд»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Шоҳин Боев («Моҳир»), Салоҳиддин Иргашев («Истиқлол»), Муҳаммадиқбол Давлатов, Шероз Шарипов (ҳарду аз КМВА), Мустафо Миликшоев («Файзканд»);

Ҳамлагарон: Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»). 

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Назари худро бинависед