Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони элитаи КФО шомил шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони элитаи КФО шомил шуд

Довари 28-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Абдулло Давлатов дар мавсими нав ба ҳайати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил шуд.

Абдулло Давлатов омӯзиши чор соларо дар Академияи доварони Конфедератсияи футболи Осиё бомуваффақият анҷом дода, ба рӯйхати доварони элита шомил гардид.

Ҳоло дар ҳайати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё панҷ довари ФИФА аз Тоҷикистон – Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло, Сайёдҷон Зайниддинов, Абдулло Давлатов ва Нодира Мирзоева шомиланд. Илова бар ин ба ҳайати доварони элитаи КФО довари футзали ФИФА Суҳроб Сатторов ҳам дохил мебошад.

Назари худро бинависед