Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Лигаи футболи кишвар ҷаласаи комиссияи озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2025»-ро баргузор кард.
Озмун миёни мухлисони футбол тибқи протоколи ҷаласаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли 2023 баргузор шуда буд, ташкил мешавад.
Дар ҷаласаи комиссия натиҷаҳои озмун ҷамъбаст ва ғолибони номинатсияҳои соли 2025 эълон карда шуданд. Фонди ҷоизавии озмуни «Беҳтарин мухлиси сол» имсол 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар мавсими 2025 дар маҷмуъ 722 ҳазору 840 тамошобин дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ширкат кардааст. Аз ин шумора 379 ҳазору 70 мухлис вохӯриҳои Лигаи олӣ, 255 ҳазору 820 тамошобин бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон, 75 ҳазору 200 тамошобин бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон ва 12 ҳазору 750 тамошобин рақобати Суперҷоми Тоҷикистонро дар варзишгоҳҳо тамошо намудаанд.
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2025» рӯзи 18 декабр дар маросими махсус дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони гурӯҳи мухлисон аз тамоми минтақаҳои кишвар эълон карда мешаванд.