31 октябр қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

31 октябр қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 оғоз мешавад

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои се даври қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро, ки 31 октябр оғоз мешавад, нашр кард. 

Дар қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Имтиёзҳои дар марҳилаҳои аввал ба даст оварда боқӣ мемонанд. Панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як марҳила бо ҳам бозӣ карда, барои мавқеи панҷгонаи аввали ҷадвал мубориза мебаранд. Инҳо дастаҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд» ва КМВА мебошанд.

Панҷ бошгоҳи боқимонда – «Истаравшан», «Файзканд», «Эсхата», «Равшан» (Зафаробод) ва «Регар-ТадАЗ» муборизаро дар гурӯҳи «В» идома дода, барои боқӣ мондан дар лигаи олӣ рақобат мекунанд. Ду дастаи ишғолкунандаи зинаҳои поёнӣ ба лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Ҳангоми тартиб додани тақвими даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 дастаҳо мувофиқи натоиҷи худ дар ду даври лигаи олӣ рақамҳои силсилавӣ мегиранд.

Марҳилаи ҳалкунанда, яъне қисми дуюми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 бо бозиҳои даври нуздаҳум, ки рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябр доир мешаванд, оғоз мегардад. 

Бояд гуфт, ки бозиҳои ду даври охирини мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон пас аз вохӯриҳои дӯстонаи тими миллии кишвар, ки дар даҳаи дуюми моҳи ноябр дар назар аст, баргузор мешаванд.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Даври 19. Гурӯҳи «А»

31 октябр (душанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Хатлон» – КМВА

«Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд»

 

Даври 19. Гурӯҳи «В»

1 ноябр (сешанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)

 

Даври 20. Гурӯҳи «А»

4 ноябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 14:30

«Истиқлол» – «Хатлон»

5 ноябр (шанбе)

Оғоз – соати 14:30

КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)

 

Даври 20. Гурӯҳи «В»

6 ноябр (якшанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»

«Истаравшан» – «Файзканд»

 

Даври 21. Гурӯҳи «А»

9 ноябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – КМВА

 

Даври 21. Гурӯҳи «В»

10 ноябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Эсхата» – «Истаравшан»

11 ноябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»

Назари худро бинависед