20 декабр дар меҳмонхонаи «Crownе Plaza»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Рӯзномаи Конгресс масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
– Тасдиқи протоколи қаблии Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2024;
– Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025;
– Ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024;
– Тасдиқи буҷаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2026;
– Ҳисоботи аудитори мустақил дар бораи ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024.
Намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.