16 ноябр мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

16 ноябр мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун оғоз мекунад

То бозии якуми тими миллии Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ҳабдаҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Дастаи мо дар бозии ифтитоҳии худ дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо яккачини Урдун бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. Нархи чиптаҳо дертар эълон карда мешавад. 

Дастаи Тоҷикистон дар бозии дуюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» рӯзи 21 ноябр дар Исломобод бо мунтахаби Покистон рақобат мекунад.

Тибқи нақшаи ситоди мураббиён мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳои интихобии ҶҶ-2026 10-уми ноябр дар Душанбе оғоз мекунад. 

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи даври дуюми интихобӣ ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

 

🏆 Чемпионати ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

📅 16 ноябр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед