16 декабр мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба Ҷоми Осиё-2023 оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

16 декабр мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба Ҷоми Осиё-2023 оғоз мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон нақшаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023-ро, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, муайян намуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт 16 декабр омодагиҳоро ба Ҷоми Осиё-2023 оғоз мекунад. Нахустин ҷамъомади тамринии тими мо аз 16 то 27 декабр дар Дубай баргузор мешавад. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар Абу-Даби аз 28 декабр то 7 январ ҷамъомади дуюми тамриниро доир менамояд. 8 январ ҳайати дастаи миллии мо ба Қатар меравад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13 январ бо дастаи Чин бозӣ мекунад.

17 январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Петр Сегрт бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 – тими миллии Қатар вомехӯрад.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот футболбозони тоҷик 22 январ бо тими Лубнон қувва меозмоянд.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои севум ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед