14-уми феврал дар Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мешавад.
Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) бозӣ мекунанд. Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Душанбе» (Душанбе) рақобат менамоянд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила нерӯ месанҷанд. Ду даста аз ҳар гурӯҳ ба даври 1/2 ниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм муборизаро идома медиҳанд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Истаравшан», «Равшан», «Ҳосилот».
Гурӯҳи «Б»: «Парвоз», «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер», «Душанбе».
Даври 1
Гурӯҳи «А»
14 феврал (сешанбе)
11:00 – КМВА – «Ҳосилот»
14:30 – «Истаравшан» – «Равшан»
Гурӯҳи «Б»
15 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Парвоз» – «Душанбе»
14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
Даври 2
Гурӯҳи «А»
16 феврал (панҷшанбе)
11:00 – «Ҳосилот» – «Равшан»
14:30 – КМВА – «Истаравшан»
Гурӯҳи «Б»
17 феврал (ҷумъа)
11:00 – «Душанбе» – «Панҷшер»
14:30 – «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 3
Гурӯҳи «А»
18 феврал (шанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Ҳосилот»
14:30 – «Равшан» – КМВА
Гурӯҳи «Б»
19 феврал (якшанбе)
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе»
14:30 – «Панҷшер – «Парвоз»
22 феврал (чоршанбе)
11:00 – Бозии якуми ниманиҳоӣ
14:30 – Бозии дуюми ниманиҳоӣ
25 феврал (шанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
15:00 – Финал
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.