12 январ маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

12 январ маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 баргузор мешавад

12 январ дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Eurol Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ» соати 14:00 оғоз мегардад.

Понздаҳумин мусобиқаи Ҷоми ФФТ дар ду марҳила сурат мегирад – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ. Дар марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳо ба се минтақа тақсим мешаванд – Душанбе, Суғд ва Хатлон.

Тибқи ҷадвали Лигаи футболи Тоҷикистон, бозиҳо дар минтақаи Душанбе даҳаи дуюми моҳи январ оғоз мешаванд.

Назари худро бинависед