Қабл аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулони бозӣ ва бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва техникии рақобати мазкур, аз ҷумла амният, тиббӣ, васоити ахбори омма, сарулибоси дастаҳо ва риояи низомномаи мусобиқа баррасӣ шуданд. Ранги либоси бозигарон низ тасдиқ гардиданд. Дар вохӯрӣ футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурх ва «Регар-ТадАЗ» бо либоси сафед бозӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.